​Дарси намунавии довталаби озмуни “Муаллими сол - 2023”

Профессори кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойии факултети забонҳои шарқ, доктори илмҳои филологӣ Низомиддин Муродӣ бо ҳадафи баланд бардоштани дараҷаи салоҳиятнокӣ ва сайқал додани маҳорати касбӣ, ташаккули қобилияти зеҳнӣ ва фаъолияти эҷодии донишҷӯён барои донишҷӯёни курси сеюми ихтисоси забонҳои хитойӣ-англисӣ аз фанни “Фарҳанги Чин” дарси намунавӣ доир намуд.

Дар асоси Низомномаи озмуни умумидонишгоҳии “Муаллими сол” роҳу усулҳои фаъоли таълим, меъёрҳои дарси муосир ва методологияи навга дар ҷараёни дарс мавриди истифода қарор гирифт.

Дар дарс устоди фан маълумоти комилан навро дар илми шарқшиносӣ, ки марбут ба интишори адабиёти форсу тоҷик дар Чин буд, баҳри шогирдон тақдим дошт. Донишҷӯён дар хулосабарории мавзуи нав фаъол буданд. Ҷамъбаст ва пурсиши вазифаи хонагӣ дар шакли викторина гузаронида шуда, дар жанри барномаи телевизионӣ ба интиҳо расид.

Иштирок ва нутқи меҳмон аз Ҷумҳурии мардуми Чин, дотсент Линг, ки бо китоби ба забони чинӣ навистаи устод Муродӣ ошно буд, тақвияти комили дарси мазкур буд.

Ҳамзамон, дар мавзуи муҳаббату дӯстӣ дар якҷоягӣ ба таври зинда суруд иҷро агрдид.

Аз салоҳият ва методологияи устод Муродӣ маълум буд, ки шогирдон муваффақ гардиданд, ки:

  • Аз фарҳанги Чин ба хубӣ огоҳ бошанд
  • Онро дар муқоиса бо тамаддуни тоҷикон шарҳ дода тавонанд
  • Заминаҳои вуруди забон ва адабиёти форсу тоҷикро дарёбанд
  • Мисолҳои мушаххасро дар ин ҷода арз карда тавонанд
  • Тариқи суолу ҷавоб, тест, викторина, инфиродӣ ва гурӯҳӣ аз ҳолатҳои масъалагузорӣ берун оянд
  • Натиҷа ва фоидаи муносиботи таърихии ду миллати куҳан – чиниёну тоҷиконро эзоҳ диҳанд

Дар дарси мазкур усули дарс-диалог ва дарс-семинар истифода шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ