​Дарси кушоди тарбиявӣ: Таълиму тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватанпарастӣ

Бо ташаббуси факултети геоэкология ва туризм дарси кушоди тарбиявӣ дар мавзӯи “Масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд” ташкил ва баргузор гардид.

Дарс ба таври комил фарогири мавзуъ буда, донишҷӯён қобилияту лаёқат ва заковати худро намоиш дода, аз тарафи онҳо шеъру суруд, гуфторҳо, лавҳаҳои видеоӣ, муаррифиҳо доир ба мавзуъ омода ва пешниҳод гардиданд.

Дар ҷамъбасти дарс сармуаллимаи факултет Охунова С. сухан карда, мулоҳизоти худро оид ба дарси кушоди тарбиявӣ иброз дошт.

Зикр гардид, ки дар шароити кунуни қонуни мазкур барои инкишофи оилаву оиладорӣ, таълиму тартбияи ҷавонон, дар рӯҳияи ватандўстию ватанпарварӣ тарбия намудани онҳо ва худшиносию худогогӣ мусоидат менамояд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ