​Дарси кушод: «Вайроншавии талаффузи овоз ва хусусиятҳои сохтори грамматикии нутқ»

Дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус аз ҷониби омӯзгори ҷавони кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбӣ Ахмедова Мижгонахон дарси кушод доир гардид.

Дарси мазкур аз фанни “Вайроншавии нутқ ва корҳои ислоҳӣ бо бачагони инкишофи равонидошта” баргузор шуда, ба мавзуи “Вайроншавии талаффузи овоз ва хусусиятҳои сохтори грамматикии нутқ дар кӯдакони бозмонии равонидошта” бахшида шуд.

Дар дарс донишҷӯёни гурӯҳи 408-уми ихтисоси Логопедия.Таҳсилоти ибтидоӣ иштирок намуданд.

Дар ҷараёни дарс омӯзгор усулҳои фаъоли таълимро истифода намуд.

Ҳамзамон, воситаҳои муосири техникӣ ба таври васеъ истифода шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ