Дарси кушод: Тавсифи умумии касби омӯзгорӣ

Дарси кушод дарси намунавист, ки омӯзгори масъул онро дар ҳузури гурӯҳи омӯзгорони дигар аз фанни тавсияшуда ва дар синфи муайян, мувофиқи ҷадвали қаблан тасдиқшуда амалӣ менамояд. Вижагии дарси кушод дар он аст, ки хусусиятҳои табодули таҷриба, пешниҳоди методу усулҳои навин, намоиши беҳтарин тарзи кор дар самти дарсгузарониро дорост. Берун шудан аз дарсҳои қолабӣ ва ташкили дарси кушод ба донишҷӯён шавқу завқи тоза мебахшад. Бардошти толибилмон аз дарсҳои ғайримуқаррарӣ бештар аст.

Дар робита ба ин устоди кафедраи педагогӣ ва табиию риёзӣ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсен Турдимурод Аҳлиллоев дар факултети муҳандисӣ-омӯзгорӣ аз фанни педагогика дар курси 1-ум, гурӯҳи 101, ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ ва санъати тасвирӣ дарси кушод гузаронд. Мавзуи дарс “Тавсифи умумии касби омӯзгорӣ. Фаъолияти касбӣ ва шахсияти омӯзгор” унвон дошт, ки устод амалан донишҷӯёнро бо моҳияти асосии мавзуъ ошно сохт. Ҳамчунин муаллим дар раванди дарс доири мавзуи зикршуда муаммогузорӣ намуда, бо истифода аз аёниятҳо ва муаррифиҳои ҷолиб ба воситаи фаротоб (проектор) бо таҳлилҳои ҳамаҷониба тарзи дурусти корбарӣ бо гурӯҳҳои таҳсилоти ибтидоиро ба донишҷӯён фаҳмонд. Дар қисми поёнии дарс миёни устод ва шоргирдон мубодилаи афкор сурат гирифт, ки аз посухҳо ҳарду ҷониб қаноатманд гардиданд.

Ҳадаф аз баргузории дарсҳои кушод баланд бардоштани донишу малакаи донишҷӯён, ҳиссиёти баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, арҷгузории арзишҳои маънавию фарҳангӣ унвон гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ