​Дарси кушод: "Ташкил ва тартиби гузаронидани истифодабарии ВЭ"

Дар кафедраи электроникаи факултети физикаю техника аз тарафи муаллимаи калон Шокирова Ибодат дарси кушоди сатҳи донишгоҳӣ доир гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дарси кушод аз фанни “Истифодабарӣ, таъмир ва хизматрасонии ВЭ” баргузор шуда, ба мавзуи "Ташкил ва тартиби гузаронидани истифодабарииВЭ" бахшида шуд.

Дар дарси кушод донишҷӯёни гуруҳи 404-уми ихтисоси дастгоҳҳои электронӣ иштирок намуданд.

Омӯзгор мавзуъро ба донишҷӯён муфассал шарҳ дода, аз усулҳои фаъоли таълим истифода намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ