​Дарси кушод: “Танзими давлатӣ ва дастгирии соҳибкорӣ”

Дар факултети иқтисодӣ дарси намунавии сармуаллимаи кафедраи идоракунии иқтисодиёт ва маркетинг Бегматова С.А. доир гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дарс ба мавзуи “Танзими давлатӣ ва дастгирии соҳибкорӣ” бахшида шуда, аз фанни “Асосҳои соҳибкорӣ” гузаронида шуд.

Қайд гардид, ки бо мақсади ҳавасмандгардонии рушди субъектҳои соҳибкорӣ давлат шароитҳои мусоиди ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва кафолат барои амалинамоии ташаббусҳои соҳибкорӣ амалӣ мекунад. Ҳавасмандгардонии фаъолияти соҳибкорӣ, инчунин ба воситаи таъмини ҳифз ва дастгирии соҳибкорӣ амалӣ мешавад.

Дар ҷараёни дарс комёбиҳои назарраси соҳибкорони маҳаллӣ бо факту далелҳои мушаххас шарҳ дода шуд.

Намоиши маҳсулотҳои соҳибкорони ватанӣ ҷолибияти дарсро таъмин намуда, ҷиҳати мустаҳкам намудани мавзуъ заминаи мусоид фароҳам овард.

Хотиррасон менамоем, ки дарси кушод дар доираи озмуни умумидонишгоҳии “Муаллими сол-2023” доир гардида, ин ташаббус дар тамоми факултетҳои донишгоҳ аз ҷониби довталабон ҷараён дорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ