​Дарси кушод: Сиғаи шартӣ дар забони англисӣ

Бо ташаббуси омӯзгори кафедраи тарҷума ва грамматикаи забони англисии факултети забонҳои хориҷӣ Дилфуза Ҳомидова дарси кушоди кушоди сатҳи донишгоҳӣ бо донишҷӯёни гурӯҳи 306 баргузор гардид. Дар раванди машғулияти декани факултет Малоҳат Эҳсонзода, муовинони декан, мудири кафедра ва устодон ширкат варзиданд.

Омӯзгор бо омодагии хуб ба дарс ворид гардида, моҳият, мазмун ва мундариҷаи мавзуи “Сиғаи шартӣ” дар забони англисиро ба донишҷӯён кушода дод. Ҳамчунин дар раванди машғулият доири мавзуи баррасишаванда машғулиятҳои амалӣ гузаронида шуда, бо истифода аз аёниятҳо ва слайдҳои ҷолиб ба восита нурафшон бо таҳлилҳои ҳамаҷониба тарзи дурусти муошират ба донишҷӯён фаҳмонида шуд.

Бояд гуфт, ки омӯзгор ҳангоми гузаронидани машғулият аз усулҳои интерактивӣ ва коммуникативӣ васеъ истифода намуда, машқҳои истифодашуда фаъолияти андешаронӣ ва муоширати донишҷӯёнро талаб мекард, ки он низ самаранок иҷро шуд.

Ҳадафи баргузории машғулияти кушод дар Донишгоҳ баланд бардоштани сифати таълим, омода кардани кадрҳои баландихтисос, боло бурдани завқу рағбати донишҷӯён ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, махсусан, забони англисӣ маънидод гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ