​Дарси кушод: Пардозкунӣ бо усулҳои гуногун дар лавҳи китобмонӣ

Дирӯз дар факултети санъати тасвирӣ ва технология дарси кушоди сармуаллими кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқӣ Абдулло Масолиев аз фанни кандакорӣ бо зергурӯҳҳои 301а, 301б дар мавзуи “Пардозкунӣ бо усулҳои гуногун дар лавҳи китобмонӣ” бо иштироки декани факултет, муовинони декан, мудири кафедра ва устодон гузаронида шуд.

Дар оғоз устод донишҷӯёнро бо муҳтавои мавзуи нав тариқи муаррифиҳо ошно сохт. Зимнан қайд гардид, ки яке аз навъҳои қадимаи санъати ороишию амалӣ кандакорӣ маҳсуб меёбад. Омӯзиши фанни мазкур дар ташакулли лаёқати эҷодии донишҷӯён имконияти бепоён дошта, барои эҷод намудани маснуоти гуногуни кандакоришуда пайдо кардани маҳорату малака мусоидат мекунад.

Ҳамчунин дар раванди машғулият маҳсули корҳои графикӣ сохту созҳо бо масолеҳоти гуногуни кандакории донишҷӯён намоиш дода шуд. Гуфта шуд, ки вазифаҳои хонагӣ ва корҳои кандакоришударо донишҷӯён мустақилона тайёр менамоянд.

Дар фарҷом миёни устод ва донишҷӯё мубодилаи афкор ҷараён гирфит.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ