​Дарси кушод: "Муаммоҳои ҳозираи фарҳанги миллии тоҷик”

Аз ҷониби омўзгори кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносӣ Каримова Дилноза дарси кушоди КМРО аз фанни“Фарҳангшиносӣ” барои донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик баргузор гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дарс ба мавзуи “Муаммоҳои ҳозираи фарҳанги миллии тоҷик” бахшида шуд.

Дар дарси кушод декани факултети филологияи тоҷик профессор Ӯлмасзода Замирахон, мудири кафедраи умумидонишгоҳии фарҳангшиносӣ дотсент Ҷўраева Сарвиноз ва як қатор омӯзгорони кафедра иштирок намуданд.

Қисми ташкилии дарс бо пурсиши муаммоҳои фарҳанги миллии тоҷик,таъсири хонавода дар фарҳанги миллии тоҷик, худшиносии миллӣ, ҷаҳонишави фарҳанг гузаронида шуд.

Мафҳумҳои асосӣ ба донишҷўён ба воситаивараќаҳои алоҳида фаҳмонида шуда, барои иҷрои тест ва саволнома низ вақт ҷудо шуд.

Дар рафти дарсомўзгор аз муаррифӣ, вараќаҳои саволӣ, крассворд, дарахти хирад бо саволҳо доир ба мавзуи нав истифода намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ