​Дарси кушод: Масъалаҳои асосӣ оид ба хати рост ва ҳамвори параллел

Дар факултети математика аз ҷониби сармуаллими кафедраи алгебра ва геометрия Абдушафӣ Миршоев дарсии кушоди намунавӣ дар мавзӯи “Масъалањои асосӣ оид ба хати рост ва ҳамворӣ. Муодилаи ҳамвории аз нуктаи додашуда гузаранда ва ба ҳамвории додашуда параллел” гузаронида шуд.

Муаррифии мавзӯи нав бо воситаи нурафшон (проектор) нишон дода шуд, ки он ба барномаи таълимӣ ва самти тахассусии донишҷӯён мувофиқат мекард. Устод дар раванди машғулият ба шогирдон амалан моҳият ва нишондодҳои асосиимавзуъро ошно сохта, бо истифода усули нави таълим ва аёниятҳои ҷолиб тавассути нурафшон бо таҳлилҳои ҳамаҷониба моҳияти мавзуъро фаҳмонд.

Барои шавқовар гузашатни дарс донишҷӯён ба се гуруҳ тақсим карда шуданд. Дар ин асно оид ба мавзӯи баррасишаванда миёни донишҷӯён саволномаҳои тестӣ тартиб дода, муҳокима мешуд.

Қисми мустаҳкамкунии дарс бо саволҳои санҷишӣ аз донишҷӯён пурсида шуда, мавзӯи нав бо мавзӯи гузашта алоқаманд карда шуд. Барои истиводаи технологияи компютерӣ омӯзгор ва донишҷуён бо истифода аз забонҳои барномарезӣ, барномаҳоеро сохта нишон доданд, ки масъалаҳои душвори математикиро бо тези ҳал менамуданд. Абдушаҳид Миршоев бо маҷмӯи маводи таълимӣ, аз қабили силлабус, маводи лексионӣ, адабиёти асосӣ ва иловагӣ вобаста ба фанни таълимӣ муҷаҳҳаз буда, дар раванди дарс аз онҳо фаровон истифода менамуд. Ҳамзамон дар ҷараёни дарс аз таҷҳизоти муосири таълим, ба монанди тахтаи электронӣ ва слайдҳои ҷолиб фаровон истифода бурда шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ