​Дарси кушод: Институтҳои иҷтимоӣ

Беҳдошти сифати таълим аз ҳадафҳои муҳими раёсати донишгоҳ маҳсуб мегардад. Дар ин замина ташкил ва баргузории дарсҳои кушоди намунавӣ аз ҷониби устодони донишгоҳ дар раванди густариши таҳсилот баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён заминаи мусоид мегузорад. Дар робита ба ин дирӯз дар факултети забонҳои шарқ таҳти роҳбарии дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа Ҳасанова Зебинисо дар гурӯҳҳои 201, 202 А, 202 Б, 203, 204 бо иштироки сармутахассиси шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот, садорати факултет, устодони кафедраҳои умумидонишгоҳӣ дарси кушоди намунавӣ аз фанни сотсиология баргузор гардид.

Мавзӯи дарси кушод “Институтҳои (ниҳодҳои) иҷтимоӣ” унвон дошт, ки бо истифодаи аёниятҳо ва слайдҳои пурмазмуну ҷолиб дар сатҳи баланд баргузор карда шуд. Дар раванди дарс омӯзгор дар бораи институтҳои иҷтимоӣ, вазифа ва мақоми онҳо дар ҷамъият мукаммал истода гузашт.

Устод дар раванди дарс ба шогирдон амалан моҳият ва нишондодҳои асосиимавзуъро ошно сохта, бо истифода усули нави таълим ва бо таҳлилҳои ҳамаҷониба моҳияти мавзӯъро фаҳмонд.

Донишҷӯён низ дар навбати худ фаъолнокӣ зоҳир намуданд. Қисми ташкилии дарс хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Алоқаиназария бо амалия ва вобастакарданимавзӯи дарс бо самти ихтисос низ мушоҳида карда шуд.

Ҳадаф аз баргузории дарсҳои кушод баланд бардоштани донишу малакаи донишҷӯён, ҳиссиёти баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, арҷгузории арзишҳои маънавию фарҳангӣ маҳсуб меёбад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ