​Дарси кушод: Хӯлаҳо барои резистори намунавӣ, термопараҳо ва муқовиматҳои техникӣ

Дар Донишгоҳ моҳи октябр ва ноябри соли равон силсилаи дарсҳои кушоди устодон гузаронида шудаистодаанд. Дар ин замина бо ташабуси досенти кафедраи электроникаи факултети физикаю техника Зарифҷон Юсупов дарси кушод аз фанни “масолеҳшиносии электротехникӣ” бо донишҷӯёни гурӯҳи 305 ихтисоси электроникаи тиббӣ бо иштироки устодон баргузор гардид.

Мавзуи дарс “Масолеҳҳо бо муқовимати хоси баланд. Хӯлаҳо барои резистори намунавӣ, термопараҳо ва муқовиматҳои техникӣ” унвон дошт, ки омӯзгор амалан донишҷӯёнро бо моҳият ва мундариҷаи мавзуъ ошно сохт. Ҳамчунин муаллим дар раванди дарс доири мавзуи зикршуда машғулиятҳои амалиӣ гузаронида, бо истифода аз аёниятҳо ва муаррфифҳои ҷолиб ба восита фаротоб бо таҳлилҳои ҳамаҷониба таваҷҷӯҳи донишҷӯёнро ҷалб намуд.

Дар қисми хотимавии дарс миёни устод ва шоргирдон мубодилаи афкор сурат гирифт, ки аз посухҳо ҳарду ҷониб қаноатманд гардиданд.

Ҳадаф аз баргузории дарсҳои кушод баланд бардоштани донишу малакаи донишҷӯён, ҳиссиёти баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, арҷгузории арзишҳои маънавию фарҳангӣ маънидод гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ