Дарси кушод: гузариш аз системаи ҳисоби шонздаҳӣ ба системаи дуӣ ва баръакс

Бо ташаббуси кафедраи алгебра ва геометрияи факултети математика дар гурӯҳи 402А ихтисоси информатика аз фанни системаи ҳисоб дарси кушоди сатҳи донишгоҳӣ дар мавзуи «Гузариш аз системаи ҳисоби шонздаҳӣ ба системаи дуӣ ва баръакс» аз тарафи муаллими калони кафедраи алгебра ва геометрия Анвар Тӯйчиев ташкил ва гузаронида шуд.

Устод дар раванди машғулият бо истифода аз технологияи муосир, аз қабили тахтаи электронӣ ва фаротоб (проектор) тавонист мазмуну мундариҷаи мавзуъро ба донишҷӯ1н шарҳу тавзеҳ диҳад. Устод масъалаҳои муҳими ба мавзуъ алоқамандро пайдарпай ба донишҷӯён тариқи компютер ва тахтаи электронӣ фаҳмонд.

Устод ҳар як мисолҳои овардашударо бо як чанд усулҳои ҳал нишон дода, машғулиятро аз ҷиҳати методӣ дар сатҳи баланд доир намуд.

Гуфта шуд, ки муҳокимаҳои дақиқӣ илмӣ, дар асоси маълумотҳои мавҷуда, ҳамчун замина, баровардани маълумотҳои нав ба ташаккули тафаккури мантиқӣ, фикрронии математикӣ, бо саводона фикр рондану навиштани донишҷӯён мусоидат хоҳад намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ