​Дарси кушод: “Эмомалӣ Раҳмон - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ”

Имрӯз дар факултети филологияи тоҷик аз фанни фарҳангшиносӣ барои донишҷӯёни гуруҳи 104 дарси кушод доир гардид.

Мавзуи дарс “Эмомалӣ Раҳмон - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ” унвон дошт.

Омӯзгор Ҳомидҷонова Муқаддас барои донишҷӯён мавзуъро шарҳ дода, аз воситаҳои техникӣ ва айёниятҳо васеъ истифода бурд.

Иттилоъ дода шуд, ки дарс КМРО буда, дар доираи он донишҷӯён ба гуруҳҳо тақсим ва фаъолона ширкат намуданд.

Дар дарси кушод декани факултети филологияи тоҷик профессор Ӯлмасзода Замирахон ва як қатор омӯзгорони кафедраи фарҳангшиносӣ иштирок намуданд.

Бо суолу ҷавоб ва машқҳои интерактивӣ мавзуъ мустаҳкам шуда, дар фарҷом барои донишҷӯён адабиётҳои иловагӣ тавсия шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил



МАРКАЗИ ИТТИЛООТ