​Дарси кушод: «Экстремуми функсияҳои бисёртағирёбанда»

Беҳдошти сифати аз ҳадафҳои муҳими раёсати донишгоҳ маҳсуб мегардад. Дар ин замина ташкил ва баргузории дарсҳои кушоди намунавӣ аз ҷониби устодони донишгоҳ дар раванди густариши таҳсилот баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён, эълон гардидани солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” заминаи мусоид мегузорад. Вобаста ба ин дар факултети математика дарси кушоди сармуаллими кафедраи анализи математикии ба номи профессор А. Муҳсинов, Бӯстон Ҷумаев баргузор гардид.

Мавзуи дарси кушод «Экстремуми функсияҳои бисёртағирёбанда» унвон дошт, ки устод амалан донишҷӯёнро бо моҳият, мазмун ва мундариҷаиошно сохт. Ҳамчунин омӯзгор дар раванди дарс доири мавзуи зикршуда машғулиятҳои амалиӣ гузаронида, бо истифода аз аёниятҳо ва муаррифиҳои ҷолиб ба восита нурафшон бо таҳлилҳои ҳамаҷониба тарзи дурусти кор бо экстремуми функсияҳои бисёртағирёбандаро ба донишҷӯён фаҳмонд.

Ҳадаф аз баргузории дарсҳои кушод баланд бардоштани донишу малакаи донишҷӯён, ҳиссиёти баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, арҷгузории арзишҳои маънавию фарҳангӣ арзёбӣ гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ