​Дарси кушод дар доираи озмуни “Муаллими сол-2023”

Дар доираи озмуни умумидонишгоҳии “Муаллими сол-2023” дарси кушоди муаллими калони кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисии факултети забонҳои хориҷӣ Набиҷонова З.А. доир гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дарси мазкур аз фанни “Инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттӣ” баргузор шуда, ба мавзуи “Theatre” (Театр) бахшида шуд.

Дар дарс ҳайати гурӯҳи корӣ, садоратифакултет ва дигар омӯзгорон иштирок намуданд.

Мақсади асосии дарс ташаккул додани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ, инчунин ташаккули салоҳияти фарҳангӣ- забонии донишҷӯён унвон шуд.

Дар ҷараёни дарс методҳои гуногуни таълим ВТТ, коркардҳои дастӣ, маводҳои иловагӣ ва дигар аёниятҳои муосир, аз қабили компютер, проектор, баландгӯяк ва тахтаи электронӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Дарс дар дараҷаи хуби илмӣ-методӣ гузаронида шуда, ҳамаи лаҳзаҳои дарс ба ҳам алоқаманд буданд.

Омӯзгор дар дарс маҳорати методӣ ва педагогӣ – психологии худро самаранок дар амал тадбиқ намуда, муносибати эҷодкоронаи худро дар ҷараёни дарс зоҳир намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ