​Дарси кушод бо истифода аз технологияҳои муосир

Бо ташаббуси сармуаллимакафедраи тарҷума ва грамматикаи забони англисӣМ.Сайфитдинова дар факултети забонҳои хориҷӣдарси кушоди сатҳи донишгоҳӣ дар мавзӯи “Talking about People” дар гурӯҳи 307 гузаронида шуд. Дар дарси кушод намояндаи раёсати донишгоҳ, мутахассиси пешбари шӯъбаи идоракунии сифати таҳсилот, А.Миршоев, мудири кафедра дотсент Р.Ибрагимова ва омӯзгорони кафедра иштирок намуданд.

Муаллим амалан донишҷӯёнро бо моҳият ва асоси мавзуъ ошно сохт. Ҳамчунин дар раванди машғулият доири мавзуи баррасишаванда машғулиятҳои амалӣ гузаронида шуда, бо истифода аз аёниятҳо ва слайдҳои ҷолиб ба восита нурафшон бо таҳлилҳои ҳамаҷониба ба донишҷӯён фаҳмонда шуд.

Бояд гуфт, ки омӯзгор ҳангоми гузаронидани дарс аз усулҳои интерактивӣ ва коммуникативӣ васеъ истифода намуда, машқҳои истифодашуда фаъолияти андешаронӣ ва муоширати донишҷӯёнро талаб мекард, ки он самаранок иҷро шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ