​Дарси кушод аз фанни Логопедия

Аз фанни Логопедия бо донишҷӯёни гуруҳи 301 ихтисоси психология дарси кушод доир шуд. Дарси мазкур ба мавзуи “Фаъолияти логопед ва утоқи кории ӯ” бахшида шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар дарс декани факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ Шарифиён Муқаддас, мудирони кафедра ва омӯзгорони факултет иштирок намуданд.

Дарс бо усулҳои фаъоли таълим баргузор шуд, аз ҷумла тахтаи электронӣ, муаррифӣ, аёният, аёниятҳои дастисохт, кор бо асбобҳои аёнӣ барои корҳои ислоҳнамоӣ, намоиш, варақаҳо мавриди истифода қарор гирифт.

Қисмати омодагӣ ё худ самти тарбиявии дарс бо Суруди миллӣ оғоз гардида, панду андарз ба дарс ҳусни адабӣ ва ҳувияти миллӣ зам намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ