​Дарси кушод аз фанни “Элементҳои сана ва вақт”

Аз ҷониби омӯзгори кафедраи барномарезӣ Исмоилова Дилафрӯз дар доираи озмуни “Муаллими сол-2023” дарси кушод доир гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дарси кушод аз фанни барномарезии визуалӣ гузаронида шуда, дар доираи он мавзуи “Элементҳои сана ва вақт” баргузор гардид.

Дар раванди машғулият аз тарафи омӯзгор воситаҳои нави муосир, аз ҷумла:

  • Mentimetr – (пурсишҳо,виктаринаҳо, муаррифии интерактивӣ)
  • Plickers – (баҳодиҳии босуръати дониши хонандагон дар синф)
  • Google Sheets – (истифодабарии самараноки хадамот дар ҷараёни таъмин бо назардошти тамоми имкониятҳо)
  • Canva – (дизайни нотакрор, идоракунии хуби объектҳо дар слайд нисбат ба PowerPoint)

истифода бурда шуд.

Хотиррасон менамоем, ки чунин дарсҳои намунавӣ дар доираи даври сеюми озмуни мазкур то санаи 26 май давом хоҳад кард.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ