​Дарси кушод аз фанни алгебра

Аз ҷониби дотсенти кафедраи алгебра ва геометрияи факултети математика Ризоев Эҳсон дарси кушод гузаронида шуд. Дарси кушоди амалии мазкур дар мавзӯи «Образец решение задач по нахождению собственного значения и собственного вектора матрицы» аз фанни алгебра бо донишҷӯёни курси дуюми ихтисоси математикаи амалӣ доир шуд.

Мақсади гузаронидани машғулияти намунавӣ баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён оид ба ёфтани қимати хос ва вектори хоси матритса дар асоси хосият ва намудҳои матритсаҳо ва татбиқи он дар алгебраи хаттӣ арзёбӣ гардид.

Қайд карда шуд, ки баргузории дарсҳои кушоду намунавӣ ҷиҳати баланд бардоштани донишҳои назариявию амалии муҳассилин ва саҳмгузоштан дар эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” хеле муҳим мебошад.

Дар дарс намоянда аз шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот ва омӯзгорони кафедра иштирок намуданд.

Дарс дар сатҳи баланди ташкилӣ ва бо истифода аз воситаҳои муосири техникӣ баргузор гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ