Дарси кушод: «Ҳалли мисолҳо оид ба муодилаҳои дифференсиалии тартиби дуюм бо коэффитсиентҳои доимӣ»

Аз ҷониби дотсенти кафедраи математикаи олӣ ва амалӣ Дадоҷонова Муқаддас дарси кушоди сатҳи донишгоҳӣ баргузор шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дарс аз фанни математикаи олӣ ва дар мавзуи «Ҳалли мисолҳо оид ба муодилаҳои дифференсиалии тартиби дуюм бо коэффитсиентҳои доимӣ» доир шуда, ба он донишҷӯёни ихтисоси кори бонкӣ ҷалб гардиданд.

Дар дарси кушод муовини шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот дотсент Сатторова Замира иштирок намуд. Сифати дарс ва маҳорати педагогии омӯзгор мавриди таҳлил қарор дода шуда, истифодаи усулҳои фаъоли таълим баррасӣ шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ