Дарси кушод: Афкори назарӣ-адабии мутафаккирони форсу тоҷик

Бо ташаббуси устоди кафедраи адабиёти классикии тоҷик дотсент Сорбон Азизов дарси кушоди сатҳи донишгоҳӣ аз фанни назарияи адабиёт дар мавзуи “Афкори назарӣ-адабии мутафаккирони форсу тоҷик” ба донишҷӯёни соли чорум доир гардид. Дар машғулияти кушод устодони факултет иштирок намуданд.

Зикр гардид, ки омӯзгор дар ҷараёни дарс аз усулҳои муосири таълим истифода намуда, мавзуро ба донишҷӯён бо овардани мисолҳо аз афкори назарӣ-адабии мутафаккирони форсу тоҷик таҳлилу тавзеҳ намуд. Дар ҷараёни машғулият аз аёният, муаррифӣ, тахтаи синф ва сарчашмаву адабиёти иловагӣ самаранок истифода карда шуд. Донишҷӯён зимни таҳлили мавзуи дарс фаъолнокии худро нишон медоданд. Вобастакунии мавзуи дарс бо дарси гузашта, баёни мавзуи нав ва алоқамандкунии он ба самти ихтисоси донишҷӯён ва замони муосир, мустаҳкамкунӣ, хулосабарорӣ ва супоришҳои кори мустақилона хуб ба роҳ монда шуд.

Пас аз анҷоми дарс дар кафедраи адабиёти классикии тоҷик дарси дотсент Азизов Сорбон аз ҷониби устодон таҳлилу муҳокима шуда, маслиҳатҳои методӣ ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифати дарс иброз гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ