​Даҳаи адабӣ бахшида ба 95-умин солгарди нависандаи маъруф Чингиз Айтматов

Дар факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба 95-умин солгии нависандаи маъруф Чингиз Айтматов шоми адабӣ, дарсҳои кушод, намоиши китоб ва озмунҳо зери шиори «Инсон таваллуд ёфтан барои инсоният чӣ қадар душвор буд» ташкилу баргузор гардид.

Иттилоъ дода шуд, дар даҳаи мазкур байни донишҷӯёни курсҳоимухталиф озмуни «Иншои беҳтарин дар бораи осори Чингиз Айтматов», «Беҳтарин хонандаи порчаҳо аз асарҳои Чингиз Айтматов», конфронси илмию амалии «Чингиз Айтматов – арбоби барҷастаи адабиёти ҷаҳон», намоиши адабӣ-композитсионӣ таҳти унвони «Айтматовхонӣ», намоиши расмҳо аз рӯи осори ӯ (таъсиси албоми юбилей) доир гардид.

Ҳамчунин дар кафедраи забони муосири рус ва забоншиносии умумӣ дар байни донишҷӯёни курсҳои мухталиф викторинаи «Беҳтарин донандаи осори Чингиз Айтматов» ва дар кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти рус донишҷӯёни курси 4-ум дар мавзуи «Чингиз Айтматов – такягоҳи маънавии халқ» дарси кушод баргузор намуданд.

Инчунин шоми адабӣ дар толори “Кохи Суғдиен” баргузор гардид, пеш аз оғози чорабинӣ дар даромадгоҳи он аксҳо ва китобҳои Чингиз Айтматов ба намоиш гузошта шуданд.

Зимни чорабинӣ таъкид рафт, ки Чингиз Айтматов бо осори бузургаш маҳбуби оламиён гардида, осори арзишманди ӯ дар тамоми қитъаҳои олам машҳур гардидааст. Гуфта шуд, ки асарҳои мондагори ин нависандаи маъруф ба 186 забони ҷаҳон тарҷума шудаанд, ки он мероси фарҳангӣ ва маънавии ҷомеаи башарият мебошад.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ ба муаллифони беҳтарин эссе, беҳтарин гузориш ва беҳтарин асари эҷодӣ бо дипломҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Ёдовар мешавем, ки шоми адабӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, “Хонаи русӣ” (“Русский дом”) дар шаҳри Хуҷанд, бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ташкил карда шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ