Чорабинии таълимӣ-тарбиявӣ аз ҷониби таҷрибаомӯзон

Дар Муассисаи давлатии “Кӯдакистони Президенти”-и вилояти Суғд аз ҷониби таҷрибаомӯзони факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ силсила чорабиниҳои таълимӣ-тарбиявӣ таҳти унвони “Наврӯзи дилафрӯз муборак бод”гузаронида шуд.

Аз ҷумла, таҷрибаомӯзонМафтуна Қосимова, Мақсудахон Ибрагимова, Нигора Ҷӯраева, дар гурӯҳи омодагӣ ба мактаб “Дюмовочка” мураббӣ машғулияти намунавӣ аз фанни “Саводомӯзӣ” дар мавзӯи “Шиносоии кӯдакон бо ҳарф ва овози “Х” дар сатҳи баланд гузарониданд. Дар раванди машғулият донишҷӯён- таҷрибаомӯзон фаъолияти хуби мураббигиро дарк намуда, машғулиятҳои санҷишӣ- намунавии худро дар сатҳи баланд бо истифодаи айёниятҳои дасти сохти рангоранг, маводҳои дидактикӣ, бозиҳои шавқовар, бозичаҳои мулоим ва аз воситаҳои техникӣ фаровон истифода нмуда тавонистанд.

Ҳамчунин, дар толори ороишдодашуда аз ҷониби таҷрибаомӯзон“Хушҳолӣ”бахшида баИдиНаврӯзтаҳти унвони “Наврӯзи дилафрӯз муборак бод” бо кӯдакони гурӯҳи калон ва омадагӣ ба мактаб, дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида шуд. Аз ҷониби таҷрибаомӯзон барномаи фарҳангӣ омода карда шуд, ки дар онкӯдакон суруди миллӣ бо овози зинда,композитсия бахшида ба Иди наврӯз ва баҳор, сурудҳобахшида ба васфи Тоҷикистон, Ватан, Баҳор, Попурӣ, Духтари доирадаст бо забонҳои тоҷикӣ, руссӣ суруда, рақси гурӯҳи аз ҷонибӣ духтаракон таҳти унвони Шак-шак, Зебо,Товус, Модар, Лазгӣ, Тоҷикистон ва саҳначаи тарбиявӣ “Ояндаи дурахшони ман” ва ғайра иҷро намуданд.

Дар интиҳо дарси таҷрибаомӯзон аз ҷониби мутахассисон таҳлил гардида, ба донишҷӯён пешниҳоду тавсиҳо дода шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ