Бузургонро бузургон зинда медоранд...

Бо ташаббуси кафедраи геоэкология ва методикаи таълими факултети геоэкология ва туризм чорабинии илмӣ-адабӣ бахшида ба ёдбуди устодони зиндаёд, дотсентон Саидова М.Р., Ҳоҷибоев Ҳ.А., Ҳайдаров М.Д. ва Ҳоҷиев М.Ҳ. таҳти унвони “Бузургонро бузургон зинда медоранд” баргузор гардид.

Дар чорабинӣ декани факултет н.и.г. дотсент Аминов Муъминҷон, муовинони декан, мудирони кафедра ва омӯзгорону донишҷӯёни факултет ширкат варзиданд.

Нахуст, мудири кафедраи геоэкология ва методикаи таълим он, дотсент Ғуфронов Дадахон баромад намуда, аз хидматҳои устодони зиндаёд ёдовар шуд.

Сипас, профессор Садриддин Абдураҳмов дар мавзуи “Чакрае аз дидори шогирдам”, дотсент Турдиев Турдибой дар мавзуи “Зиндаёд дар дили мо”, сармуаллима Ҳайдарова Мавзуна дар мавзуи “Устоди гулпарвар ва бонуи нотакрор” ва сармуллима Ҷӯраева Малоҳат суханронӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки фарзандони фарзонаи бо нангу номус ва содиқу ҷасури тоҷик дар ҳама давру замон марзу буми аҷдодӣ ва арзишҳои миллии халқи тоҷикро ҳимоя карда, қаҳрамонӣ нишон додаанд. Дар ташаккули ҳар як халқу миллат бузургоне ҳастанд, ки номи онҳо дар ҳеҷ давру замон аз хотири мардум фаромӯш намешавад

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ