​Боздид аз хона-музейи Муҳиддин Аминзода

Бо ташаббуси кафедраи адабиёти муосири тоҷик як гуруҳ донишҷӯёни ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик аз хона-музейи Муҳиддин Аминзода дидан намуданд. Ин ташаббус ба муносибати 120-солагии шоир Муҳиддин Аминзода ба роҳ монда шуд.

Донишҷӯён дар доираи ин иқдом бо китобхона, дастнависҳо, расму ҳуҷҷатҳо, ҷои кориву истироҳат, либосу зарфҳои шоир шинос шуданд.

Сарвари хона-музей Муаттара Ғаниева доир ба рӯзгор ва фаъолияти эҷодии Муҳиддин Аминзода маълумот дод.

Гуфта шуд, ки Муҳиддин Аминзода дар баробари шеъру манзумаҳо драмаҳо низ таълиф намудааст, ки дар Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ (собиқ ба номи А.С.Пушкин) ба саҳна гузошта шудаанд.

Зикр гардид, ки тамоми лавозимот ва либосҳое, ки дар ҷараёни намоиш истифода гардиданд, ба хона-музей супорида шудаанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ