​Бори дигар шукргӯён омадам...

Бо ташаббуси Китобхонаи илмии донишгоҳ озмуни беҳтарин донандаи ашъори Фарзона доир гардид. Озмун таҳти унвони “Бори дигар шукргӯён омадам” сурат гирифт.

Дар озмун донишҷӯён фаъолона иштирок намуда, аз ашъори Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона шеърҳо манзур доштанд.

Мувофиқи қарори ҳакамон ҷойи аввал ба Нуруллоева Чаман, донишҷӯи курси аввали факултаи забонҳои хориҷӣ сазовор гардид.

Ҳамин тавр, ҷойи дуюм ба Амакова Малоҳат –донишҷӯи курси чоруми факултети забонҳои хориҷӣ ва ҷойи сеюм ба Ҷалилова Карима, донишҷӯи курси якуми факултаи филологияи тоҷик насиб шуд.

Донишҷӯён бо китоб ва сипоснома қадр шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ