Бобоҷон Ғафуров - фарзанди фарзонаи миллат

Таҳти ҳамин унвон дирӯз, дар факултети геоэкология ва туризм дар ҳамкорӣ бо кафедраи умумидонишгоҳи фалсафа чорабини илмӣ-амалӣ ба ифтихори 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони "Бобоҷон Ғафуров - фарзанди фарзонаи миллат" ташкил ва баргузор гардид.

Мақсади асосии ҳамоиши ин арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, ҳифзи арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани руҳияи ватандӯстии донишҷӯён маънидод гардид.

Доир ба ҳаёт ва фаъолияти Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров аз тарафи декани факултети геоэкология ва туризм Абдухолиқзода Музаффар, муалимаи кафедраи умумидонишгоҳи фалсафа Турабоева Д., муаллимаи калони кафедраи умумидонишгоҳи фалсафа Ҳотамова М. маърӯзаҳо шунида шуд.
Дар фарҷом як қатор устодону донишҷӯён барои иштироки фаъолона бо сипосномаи садорати факултет қадрдонӣ карда шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ