​Бо донишгоҳи мо ояндаи худро дурахшон намо!

Агар хоҳед, ки беҳтарин мутахассис, варзидатарин омўзгор, тавонотарин варзишгар, донандаи забонҳои хориҷӣ, кордонтарин иқтисодчӣ, бонкир, муҳосиб, менеҷер, донотарин риёзидон, физику кимиёшинос, филолог, тарҷумон, журналист, шарқшинос, дизайнер, барномасоз, хулоса соҳиби чандин ихтисосу касбу ҳунарҳои дигар ва мутахассиси варзидаву муаллими беҳтарини муассисаҳои таълимӣ бошед, пас марҳамат, ба яке аз донишгоҳҳои куҳантарину азимтарини мамлакат “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров”!

Донишгоҳ дорои 18 факултет ва 85 кафедра буда, раванди таълим аз рӯи 102 ихтисос дар шуъбаҳои рӯзона, ғоибона ва таҳсилоти фосилавӣ тариқи ройгон ва шартномавӣ ба роҳ монда шудааст.

Бояд эътироф намуд, ки донишгоҳ аз ҷиҳати таъмини таҷҳизоти наву замонавӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ мақоми сеюмро касб намуда, бо базаи моддиву техникӣ ва ахбори раванди таълим, бинои асосӣ, 9 бинои таълимӣ, 4 хобгоҳ (духтарона ва писарона), китобхона, тахтаҳои электронӣ, проектору ноутбукҳо ва беш аз 1800 компутер бо пайвастшавии хатти шабакаи ягонаи интернет таъмин мебошад, ки устодону донишҷӯён аз он васеъ истифода менамоянд.

Рамзи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 109 сабт гардидааст.

Марҳабо ба махзани илму маърифат ва макони нуру зиё!

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ