Баррасии рушди фанҳои табиатшиносӣ

Санаи 15-уми апрели соли 2022 дар кафедраи геоэкология ва методикаи таълими факултети геоэкология ва туризм конференсияи илмӣ-анъанавии устодон бахшида ба "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ" ва "90-солагии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров" ташкил ва баргузор гардид.

Дар конфронси мазкур декани факултет дотсент Аминов Муъминҷон, мудири кафедари геоэкология ва методикаи таълим Ғуфронов Дадахон, муовини декан оид ба илм Абдураҳимова Мавзуна, мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиат Дадобоев Музаффар ва кулли устодони кафедар иштирок намуданд.

Конференсияро декани факултет Аминов Муъминҷон ҳусни оғоз бахшида, мақсаду ҳадафҳои чорабиниро ба иштирокчиён баён намуд.

Қайд кард, ки дар факултет ташкили ин гуна конфронсу чорабиниҳо барои пиёда намудани ҳадафҳои пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фаншои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ" гузаронида шуда истодааст.

Баъдан омӯзгорони кафедра Дадобоева Нодирахон дар мавзӯи "Роҳҳои баланд бардоштани малакаю маҳорати хонандагон аз фанни география ва экология", Ғуфронов Дадахон дар мавзӯи "Рушди маҳсулоти соҳаҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ дар вилояти Суғд", Охунова С. дар мавзӯи "Роҳҳои ташкил ва гузаронидани "Моҳи фанни география" дар муассисаҳои таълимӣ" ва Тиллоев Нодир дар мавзӯи "Хусусиятҳои асосии ҷойгиршавии аҳолӣ дар вилояти Суғд ва таъсири он ба истеҳсолот" маърӯза намуданд.

Дар фарҷоми конференсия мудири кафедари геоэкология ва методикаи таълим Ғуфронов Дадахон ҳозиринро барои баромад ва иштирок дар конференсияи илмӣ-амалӣ миннатдорӣ намуда, дар фаъолияти илмии ояндаи олимони ҷавон комёбиҳо орзу кард.


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ