​Баррасии 9 маърӯзаи илмии донишҷӯён дар доираи конференсия

Дар кафедраи таърихи халқи тоҷик бахши донишҷӯёни конференсияи илмӣ-анъанавӣ доир шуд.

Дар бахши мазкур 9 маърузаи илмӣ шунида шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки маърузаи донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси таърих ва ҳуқуқ Маҳмадзода Абубакр дар мавзуи "Инъикоси робитаҳои Осиёи Миёна бо Россия дар “Мунтахаб ат-таворих"-и Муҳаммад Ҳакимхон” беҳтарин ҳисобида шуда, барои қадршиносӣ ба донишгоҳ пешниҳод гардид.

Бахшҳои дигари конференсия идома дорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ