Баргузории олимпиада аз фанни педагогика

Дар назди кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумӣ дар якҷоягӣ бо кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбии факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус дирӯз давраи дуюми олимпиадаи фанни педагогика гузаронида шуд.

Пеш аз оғози давраи дуюми олимпиадаи мазкур мудири кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумӣ, дотсент Шӯҳрат Кучибоев иштирокчиёнро бо низомнои озмун шинос намуд. Зикр шуд, ки баргузории чунин озмуну олимпиадаҳои фаннӣ ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён ва дарёфти чеҳраҳои соҳибистеъдод, ҷалби донишҷӯён ба корҳои илмӣ-эҷодӣ мусоидат мекунад.

Иттилоъ дода шуд, ки беҳтаринҳо ба даври дигари олимпиада роҳ ёфтанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ