​Аз фарҳанги ғайр ва зуҳуроти манфии ҷомеа эмин бошем!

Дар факултети геоэкология ва туризми Донишгоҳ семинар-машварати тарбиявӣ таҳти унвони “Аз фарҳанги ғайр ва зуҳуроти манфии ҷомеа эмин бошем” ташкил ва гузаронида шуд, ки дар кори он устодону донишҷӯён фаъолона ширкат варзиданд.

Дар ҷараёни баргузории он декани факултет дотсент Абдухолиқзода Музаффар ва устодону донишҷӯён дар атрофи масоили муҳиммият ва зарурати риояи сару либоси тавсиявии донишҷӯён аз ҷониби муҳассилин, тақлид накардан ба фарҳанги ғайр, пешгирӣ аз падидаҳои манфии ҷомеа аз қабили терроризму экстремизм, ҷинояткориву ҳуқуқвайронкунӣ, инчунин, истифодаи мақсадноки интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифта, аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки ба Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар эҳтиром гузошта, онро риоя намоянд.

Ҳамзамон иштирокчиён масъулият бар дӯш гирифтанд, ки дар тарғиби ҳаёти солим, хониши хубу аъло ва рушди босуботи ҷомеа саҳмгузор бошанд.

Бо мубодилаи афкор семинар-машварати мазкур ҷамъбаст гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ