​Ҳашари ободонӣ бахшида ба таҷлили Иди Меҳргон

Бо иқдоми устодони кафедраи экология ва ҳифзи табиат ба муносибати таҷлили бошукӯҳи Иди Меҳргон ва ташаккули тарбияи экологии ҷавонон дар минтақаи таълимӣ – таҷрибавии донишгоҳ, воқеъ дар наздикии шаҳраки Палос бо иштироки зиёда аз 50 нафар донишҷӯёни курси якуми ихтисосҳои “экологияи умумӣ” ва “агроэкология” шанбегӣ ташкил шуд. Дар шанбегӣ аз ҷониби донишҷӯён саҳни берунаи минтақаи таълимӣ – таҷрибавии донишгоҳ ва даромадгоҳ, майдончаи варзишӣ ва дигар қисмҳои минтақа аз алафҳои худрӯй ва партовҳои мавҷуда тоза карда шуданд. Аз ҷониби масъулин ба донишҷӯён оид ба аҳамияти экологии тоза кардани муҳити зист аз партовҳо, кандани алафҳои бегонаи киштзорҳо, тадбирҳои мубориза бар зидди ҳашаротҳои зараррасон, ба шаклдарории дарахтони мевадиҳанда, буриши санитарии дарахтони ороишӣ ва дигар тадбирҳои агротехникии парвариши зироатҳо маълумоти муфассал пешниҳод гардида, ба саволҳои донишҷӯён ҷавобҳои аниқу дақиқ дода шуд. Дар рафти чорабинӣ мавқеи ватандӯстона ва тарбияи баланди меҳнатии донишҷӯён мушоҳида гардид ва муайян карда шуд, ки донишҷӯён аз ин иқдом хеле рӯҳбаланд буда, дар оянда низ ҷиҳати ташкил намудани чунин чорабиниҳо тарафдор ҳастанд.


Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ