​Артиши миллӣ - кафолати суботи ҷомеа

Дар толори факултети филология тоҷик маҳфили адабӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Артиши миллӣ - кафолати суботи ҷомеа”, ба ифтихори 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” баргузор гардид. Дар чорабини декани факултет, собиқадорони амалиётҳои ҳарбии ҳудуди мамолики хориҷӣ, барқароркунандагони сохти конститутсионӣ, ҷанговарони башардӯст ва устодону донишҷӯён ширкат варзиданд.

Декани факултет профессор Улмасзода Замирахон суханронӣ намуда, ҳозиринро ба ифтихори 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд. Мавсуф иброз дошт, ки давоми сӣю як сол афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт, мактаби мардонагӣ ва муборизаву набардҳои сангин сарбаландона гузашта, барои ҳифзи обу хоки сарзамини аҷдодӣ ва ҳимояи дастовардҳои Истиқлол хизмати содиқонаву арзандаи худро ба ҷо оварданд.

Зимнан таъкид рафт, ки муҳимтарин дастовард ва неъмат барои мо имрӯз ин тинҷиву оромӣ ва сулҳу субот дар кишвар мебошад.

Дар интиҳо донишҷӯён дар васфи Ватан намунаҳои назмиву насрӣ қироат намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ