​Артиши миллӣ – кафили сулҳу субот

Бахшида ба таҷлили фархундаи Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултети геоэкология ва туризм вохӯрии донишҷӯёни курсҳои якум ва дуюми ихтисоси экология ва агроэкология бо иштирокчии ҷанги Афғонистон А.Маҳкамов таҳти унвони “Артиши миллӣ – кафили сулҳу субот” барпо гардид. Чорабиниро муаллимаи калони кафедраи экология ва ҳифзи табиат, З.Амонова ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба 29-умин солгардӣ Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуд.

Сипас, иштирокчии ҷанги Афғонистон А.Махкамов доир ба корнамоиҳои Артиши миллӣ баҳри ба низом даровардани ҷанги шаҳрвандӣ, ҳифзи Ватан аз душманон, қаҳрамониҳои тоҷикписарон дар муноқишаҳои дохилии Ҷумҳурии Афғонистон нақлҳои ҷолибу хотирмон намуд. Зикр дошт, ки ҷавонон ояндаи давлату миллат буда, сипари боэътимоди ватан мебошанд. Ва ин қишри фахъоли ҷомеа ҳамеша бояд хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳро барои худ шараф ва номуси ватандорӣ донанд.

Донишҷӯён дар рафти чорабинӣ баромад намуда, афзуданд, ки онҳо барои хизмати содиқона ба Ватан омодаанд ва хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳро барояшон қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ унвон карданд.

Дар анҷоми чорабинӣ як гуруҳ донишҷӯни фаъол аз ашъори шоирон шеърҳои ватандӯстӣ қироат намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ