Ҷаҳони муосир ва мубрамияти мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм

“Имрӯз мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва экстремизм ба хотири ҳифзи манфиатҳои миллӣ, сохти конститутсионӣ ва истиқлолияти кишвар вазифаи муқаддастарини тамоми мақомоти давлатӣ ва ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад”.

Эмомалӣ Раҳмон

Тоҷикистони азизамон – давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявист. Дар он кафолати таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ дода шудааст.

Дар паёми ҳамасолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи меҳварӣ – мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Такрор ба такрор Пешвои муаззами миллат иброз менамоянд, ки: “Пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд”.

Дар замони ҳассоси муосир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳониёнро ба ташвиш овардааст. Ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ афзуншавии ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта мусоидат карда истодаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳсоси таҳдидҳои афзояндаи экстремизм ва терроризм ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи худ бо пайгирӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои минтақа, муборизаро дар ин самт пурзӯр менамояд.

Созмонҳои экстремистию террористӣ фаъолияташонро вобаста ба паҳн намудани ғояҳои тундравона, барангехтани кинаю адоват ва низои мазҳабӣ дар ҷомеа, ба сафҳои худ ҷалб намудани ҷавонон ва содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ пурзӯр намуда, мехоҳанд сохти ҷамъиятӣ-сиёсии ин ё он кишварро бо роҳи зӯроварӣ тағйир диҳанд.

Таҷрибаи байналмилалии муқовимат бо экстремизм ва терроризм собит менамояд, ки муваффақ шудан дар ин ҷода амалӣ намудани чорабиниҳои маҷмӯӣ барои бартараф намудани омилҳои мафкуравӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва ҳуқуқии фаъолшавии онҳо равонашударо тақозо менамояд.

Ҷиноятҳои экстремистиву террористӣ хусусияту дараҷаи баланди ба ҷамъият хавфнокиро доро мебошанд, зеро ба амнияти ҷамъиятӣ, асосҳои сохтори конститутсионӣ ва амнияти давлат, инчунин ба сулҳу амнияти инсоният таҷовуз мекунанд.

Бояд тазаккур дод, ки терроризм ва экстремизм аз рӯйи оқибатҳои худ аз таҳдидҳои ҷиддии ҷомеаи ҷаҳони муосир ба ҳисоб рафта, амнияти инсоният, сулҳу субот ва истиқлолияти давлатии кишварҳоро зери хатар мегузоранд.

Беҳуда сарвари давлат дар баромадҳои худ таъкид накардаанд, ки:

ü“Терроризм ва экстремизм - вабои асри 21”,

ü“Ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат масъалаи ҳаётан муҳим ба шумор меравад”,

ü“Терроризм ва экстремизм хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир аст”,

ü“Мубориза бо терроризм ва экстремизм муборизаи муштараки кишварҳои дунёро тақозо менамояд”,

ü“Терроризм ва экстремизм ба дини мубини ислом иртиботе надорад”,

ü“Мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол намегузоранд, ки зиндагии орому осудаи ӯро касе халалдор намояд”,

ü“Зиракии сиёсӣ омили амният, ваҳдати миллӣ ва волоияти қонун мебошад”.

Ҷиноятҳои экстремистиву террористӣ хусусияту дараҷаи баланди ба ҷамъият хавфнокиро доро мебошанд, зеро ба амнияти ҷамъиятӣ, асосҳои сохтори конститутсионӣ ва амнияти давлат, инчунин ба сулҳу амнияти инсоният таҷовуз мекунанд.

Бояд тазаккур дод, ки терроризм ва экстремизм аз рӯйи оқибатҳои худ аз таҳдидҳои ҷиддии ҷомеаи ҷаҳони муосир ба ҳисоб рафта, амнияти инсоният, сулҳу субот ва истиқлолияти давлатии кишварҳоро зери хатар мегузоранд.

Дар воқеъ, терроризм ва экстремизм айни ҳол аз хавфноктарин падидҳои номатлуби аср барои сулҳу оромии сокинони ҷаҳон ба шумор мераванд.

Қатлу куштор ва хунрезиҳои шадид дар як қатор минтақаҳои олам худ далели раднопазири онанд, ки терроризм ва экстремизм душмани башарият ба ҳисоб рафта, инсон дар назди чунин гурӯҳҳои хатарзо заррае ҳам қадр надорад.

Дар пайи ҳузури гурӯҳҳои берун аз чаҳорчубаи инсоният дар як қатор минтақаҳои олам амалкунанда имрӯзҳо ҳазорон оилаҳои осоиштаву хушбахт ба гирдоби мотам мепечанд, модарон дар ҳасрати фарзанд ва фарзандон дар ҳасрати волидон хуни дил мехуранд.

Маҳз дар пайи амалҳои номатлуб ва даҳшатафкани гурӯҳҳои ифротиву террористӣ имрӯзҳо шаҳрвандони зиёди бегуноҳ ҷони худро аз даст дода, кӯдакони бешумор ятим мемонанд.

Маҳз дар чунин шароит дар қаламрави давлат бар зидди терроризм мубориза бояд бурд. Ба ҳеҷ ваҷҳ терроризм боиси омурзиш нест ва дар ҳамаи ҳолатҳо бояд қатъиян маҳкум карда шавад. Маънидод кардани терроризм ҳамчун падидаи дорои ҳадафи сиёсӣ ва дар сатҳи байналмилалӣ ба ҳам мувофиқ сохтани қонунгузории миллӣ оид ба мубориза бо терроризм тақозои замон аст. Равшан аст, ки дар мубориза бо терроризм фақат ба қувваи зўрӣ ва нерўи ҳарбӣ такя кардан мумкин нест. Гарчанде нақши иқтидори низомӣ муҳим аст, вале он дар ин арсаи мубориза василаи мутлақу ягона нест. Ин мубориза бояд бо андешидани тадбирҳои дастаҷамъона дар соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва иттилоотӣ тақвият дода шавад. Ин тадбирҳоро дар сатҳи байналмилалӣ аввалан таҳия ва ба нақша бояд гирифт.

Дар ҳошияи таҳлилҳои болозикр боиси дастгирӣ аст, ки бевосита аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои зиёде доири «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм” барои солҳои гуногун таҳия ва қабул карда шуда истодаанд. Дар шароити кунунӣ муайян намудани стратегияи миллии кишвар оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм барои солҳои минбаъда басо саривақтӣ мебошад.

Арзандаи шукргузорист, ки имрӯз Тоҷикистони азизи мо бузургтарин неъматҳои давлатдорӣ-сулҳу оромӣ ва ваҳдати комилро дорад ва сокинонаш дар сояи амну осоиш умр ба сар мебаранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз аз ангӯштшумортарин кишварҳои олам ба шумор меравад, ки сулҳу суботи комил дар он ҳукмрон буда, касе ба ҷонаш заррае хатарро эҳсос намекунад.

Бо назардошти ин омил, чандин маротиба зимни назарсанҷиҳои ниҳодҳои байналмилалӣ аз рӯи бехавф ва амн будан барои сайёҳони хориҷӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни кишварҳои олам мавқеъҳои хеле намоёнро касб намудааст.

Бинобар ин, имрӯз ҳар шаҳрванди Тоҷикистонро, новобаста аз мавқеи сиёсӣ ва эътиқоди динӣ зарур аст, ки барои пойдор нигоҳ доштани ин фазои амну осоиш бетараф набошад ва бо шукргузорӣ аз ин неъматҳои бузург баҳри боз ҳам гулгулшукуфоии ин сарзамини офтобӣ шабонарӯзӣ заҳмат бикашад.

Зеро, ин сарзамин аз мост ва танҳо мо метавонем бештар аз ҳама онро дӯст дорем ва ба наслҳои минбаъда чунин як давлати босуботро ба ёдгор гузорем.

Ин фазои сулҳу оромиро, ки бар ивази талошҳои хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, бояд чун гавҳараки чашм эмин нигоҳ дорем ва нагузорем ҳеҷ омиле онро халалдор созад.

М.В.Ҳусейнова, дотсенти ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ