​Амнияти миллӣ – кафили озодиву ободӣ

Бо ташаббуси кафедраи адабиёти муосири тоҷики факултети филологияи тоҷик таҳти унвони “Мубориза алайҳи экстремизм ва терроризм” чорабинии илмӣ - фарҳангӣ доир гардид.

Чорабиниро декани факултет профессор Замирахон Ӯлмасзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, даъват ба амал овард, ки ҷавонон зиракӣ ва ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд, балки рў ба худшиносу худогоҳӣ, ватандўстиву маърифатпарварӣ оварда, ҷиҳати таъмини рушди Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошанд.

Дар доираи ин иқдом аз ҷониби мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Қурбонова Дилрабо, намояндаи шуъбаи мубориза алайҳи терроризм ва экстремизми КДАМ дар вилояти Суғд, подполковник Абубакр Шарифзода, дотсенти кафедра Бобоева Зеварой доир ба сабабҳои шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ, хатар ва пайомадҳои ин зуҳурот маърӯзаҳо шунида шуд.

Дар фарҷом донишҷӯёни курси якуми факултет мушоираи адабӣ ва саҳначаи театрикунонидашударо таҳти унвони “Раҳгумзада” ба намоиш гузоштанд.

Ҳадаф аз ин чорабинӣ таҳкими саводи ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани зиракии сиёсии ҷавонон унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ