Ҳамкории оилаву чамъият дар роҳи муқовимат бо ифротгароӣ
Фарзанд меваи инсон аст ва ин меваи лазизро аксарият хоҳонанд. Аммо аз ин росили умр баҳара бардоштан, на ба ҳар шахс муяссар мегардад ва асоси он нодурустии тарбия аст. Тарбияи фарзанди ҷисман ва руҳан солиму баҳри оилаву ҷомеа нафъовар орзу ва қарзи ҳар як падару модар аст. Тарбиятдиҳанда бояд таҷрибаи ҳаётии кофӣ, дониши амиқ оиди тарбияи насл ва истеъдоди омузгорӣ дошта бошад. Барои ба ин мақом расидан ва гуфтору рафтори намунавӣ ва омузиши мунтазам зарур аст. Баҳри тарбияи хуби насл, ки имрузҳо асосан ба оила вогузошта шудааст, мебояд ақлан сардори оила (падар) шахси баркамол бошад. Яке аз асоситарин манфиати пас аз камолот оила ташкил кардани мард низ ҳамин аст.
Шахс берун аз ҷамъият буда наметавонад, аммо танҳо ба пуррагӣ аз худ намудани меъёрҳои одоби ҷамъиятӣ, маънои ба асли худ наздик шудани инсонро надорад. Гар чунин аст, ӯ бояд баҳри дар асл нафъовар, фидокор ва пешбари ҷамъият будан бикушад ва ҷои худро дар қатори адли башар дарёбад. Ҳар як фард бояд бар замми сифатҳои волои шахсӣ, боз руҳияи табиатдустиву инсондустӣ ва маънавиёти додании инсонӣ дошта бошад. Дар акси ҳол ӯ аз асли худ, яъне аз ҷамъият дур, дар танҳоӣ, канори он умр ба сар хоҳад бурд.
Аз ин ҷост, ки инсон моҳияти аслан иҷтимоӣ дошта, ҳаёти ӯ берун аз ҷамъият комил ва тӯлонӣ буда наметавонад. Гар чунин аст, ҳар фард бояд баҳри чи худро соҳиб будан дар ҷамъият кӯшад. Ҷои муносиб ва дилхоҳ фақат дар ҳолати нафъовар будан ба он, насиби шахс гаштанаш мумкин аст. Нафънокии инсон ба шахсияти худ, оила ва ҷамъият аз солимии руҳ, доираи эъҷодӣ, маънавиёт ва комилии тафаккур, шуур, эҳсосот, нафосат ва иродаи ӯ вобаста аст. Соҳиби ин ҳама шахсе буда метавонад, ки оиди онҳо маълумоти саҳеҳ ва назарияи солим дошта бошад. Хирадмандӣ дар ин ҷода, ба шахс, аз омӯзиши адабиётҳои махсус оиди ин мафҳумҳо ва дар амал дунболгирӣ кардани пешниҳододи онҳо насиб мегардад. Асос ва муаяйнкунандаи сифатҳои оила, муносибатҳои оилавӣ ва ташаккули ҷамъият аз шахсияти аъзоёни он, яъне инсон вобаста аст. Омузиши сифатҳо ва моҳияти табиии инсон, ибтидои шоҳроҳи худшиносӣ аст. Чунки табиати ҷисм ва ҳодисаҳоро надониста, муносибати худро бо он муайян намудан ғайри имкон аст.
Ҳар як фард бояд бар замми сифатҳои волои шахсӣ, боз руҳияи табиатдустиву инсондустӣ ва маънавиёти даҳонии инсонӣ дошта бошад. Дар акси ҳол ӯ аз асли худ, яъне аз ҷамъият дур, дар танҳоӣ, канори он умр ба сар хоҳад бурд.
Асри XX, ки бо ҳодисоти аҳамияти таърихи дошта бой буд, асри эҳёи фаъолнокии занон дар ҷамъият ва дигаргунии муносибатҳо дар оила гашт. Ба ҷои муносибатҳои ҳукмравоии ҳазорсолаҳо ҷойдошта, оилаҳои эгалитарӣ барпо ёфта истодаанд. Асоси онҳо баробарҳуқуқӣ ва фаъолнокии баробари мард, зан ва дигар аъзоёни оила мебошад.
Оила воҳиди ташкилдиҳандаи ҷамъият буда, дар навбати худ ҳосили он аст. Оила дар натиҷаи тараққиёти ҷамъият, вобаста ба шароитҳои мавҷуда, нақшаву мақсадҳои он шакл дигар карда, дар навбати худ назди вай вазифагузорӣ мекунад. Инсон, ки меҳвари асосии ҳарду мебошад, дар ҳолати канор рафтан аз яке андаруни дуюмӣ буда наметавонад. Чунки инсон меваи оила асту оила ҳосили ҷамъият.
Бо мурури замон оила вориди ташкилдиҳандаи ҷамъияти одамон гашта, манбаъ ва тарбиятгари аъзоёни он шуд. Инро аъзоёни ҷамъият дарк мекарданд ва сохторрои соддаву навташкили идоракунандаи ҷамъият (асосҳои давлати имруза), ки аз тарафи табақаҳои болоӣ ва бо иштироки бевоситаи онро созмон меёфтанд, баҳри ба қолаб даровардани сохт, ҳаҷм ва тартиботи оила мекӯшиданд. Чунки аз ин омилро пешрафти иқтисод, иҷроиши мақсадҳои пешгузошта ва дар маҷмӯъ сиёсати дохиливу берунаи ҷамъият алоқамандии зич дошт. Хамин тавр сохти оила, хоҷагии оилавӣ ва тартиботи он вобаста ба зинаҳои тараққиёти чамъият дигаргун мегашт.
Пешомади ҷамъият кунун аз солимӣ ва суръати болоравии тафаккур, маърифат, маънавиёт, маданият, ахлоқ ва дурустии арзишу муққадасоти аъзоёнаш вобаста аст. Чунин фардро бошанд, дар ҷамъиятҳои роҳи дурусти инсонпарварӣ, табиатдустӣ, рамзистии осоишта, маърифату маънавиёти ҳақиқии инсониро пеша карда ва оилаҳои солиму пурраи баҳри ҷамъияту инсоният ва табиат нафъовар, ба воя расиданашон мумкин аст.
Ҳар як фарди ба балоғат расида мувофири қонунҳои мамолики зисташ, бидуни мушкилотҳои ҷойдошта, баҳри ташкили оила кушиш менамояд. Ин майли инсон табиист ва яке аз вазифаҳои мураққасу пурмасъулияти ӯ назди ҷамъият аст. Рушду камоли ҳар ҷамъият бошад, аз сифат, тартибот, солимии оила ва наслҳои он вобастагӣ дорад. Дар аксари чамъиятҳои мутараққии имруза ҷавонон дар ташкили оила ва тавлиди насли худ саросемагӣ зоҳир намекунанд. Ҳарчанд, ки сохторҳои давлатии ин мамлакатхо барои оилаҳои навташкил, насли онҷо шароитҳои хуби зист ва кумакҳои назаррас муҳайё сохтаанд, синни миёнаи онҳо аз 30 боло аст. Таваққуф дар ин амал бартарихои зиёд дорад. Онхо дар ин давра илму касб меомузанд, кори мувофиқ пайдо намуда муваффақиятҳои аввалинро комёб мегарданд. Чаҳонгардӣ мекунанд, соҳиби хона ва хоҷагии оилавӣ шуда, аъзоёни комили чамъият мегарданд.
Албатта, ҳар як фард, ки ба роҳи пурмасъулияти оиладорӣ қадам мегузорад, дар дил орзуву умедҳои нек мепарварад. Аммо чӣ хеле, ки ҳар яки мо шоҳид ҳастем, на ҳамаи онҳо ба мақсадҳои худ мерасанд. Сабаби ин нобарориҳо аз як тараф душвориҳои ҳаёт бошанд, аз тарафи дигар ва асосан баркамол набудани шахсони оилаташкилкунанда ва норасоии донишу малакаи онҳо оиди чабҳаҳои ҳамзистии шахсони баробарҳуқуқи чаҳонбинӣ ва маънавиёти фарқкунанда дошта, оиладориву хоҷагидорӣ, таъминоти оила, муносибатҳои оилавӣ, тарбияи фарзандон ва гайра мебошад. Аммо ба ин ҳама ҷавонон танҳо гунаҳкор нестанд. Бояд иқрор шуд, ки то имрӯз баҳри онҷо омузиш ва тартиботи амиқе, дар ин масъала ҷорӣ нашудааст.
Вазифа ва касби падар баҳри аъзоёни оила хамчун асос ва рамзи ҳақиқии таъминоти иқтисодӣ ҳисоб ёфта, ӯ такягоҳ ва намояндаи ҷамъият дар оила аст. Инчунин падар барои фарзанд манбаи табииву ҳақиқии ҷаҳонбинӣ ва дарки ҳаёти ҳастӣ, меҳнат ва техника буда, дар интихоби касбу кор, мақсадҳои ичтимоийи нафъовар ва орзуҳои нек кумак мерасонад. Норасоии асосӣ баҳри навраси бепадармонда, набудани боварӣ ва устуворӣ дар ҳаёти ҷамъиятист. Агар модар ба фарзанд дарси муҳаббату инсондустӣ омӯзад, падар ӯро дар омӯзиши тартибот ва муносибатҳои ҷамъиятӣ сарвар аст. Оре, чӣ талафотест бузург ва бори гаронест барои ҷамъият! Чи рӯзи сахтест баҳри волидону наздикон ва бадбахтиест баҳри он фардоне, ки на бо гуноҳи худ, на бо сабаби сирояти омилҳои касалиовари табиӣ, балки бо “шарофати” нодонию номуросоӣ, ноаҳли, беинсофиву беэътиной, бераҳмӣ ва худписандии волидон на хешовандони худ, гирифтори ин ҳол ҳастанд. Ин далелҳо ишора бар он аст, ки ҳар як ҷавон бояд донад.
Дар ҷомеаи кунуни бархе аз ҷавонону наврасон бинобар сабаби каммасъулиятиву оворагардӣ ва надоштани маълумоти пурра аз таъсири оқибатҳои ноустувори шабакаҳои иҷтимоӣ побанди раванди зуҳуроти гуногуни номатлуби ҷомеа мегарданд. Аз ин рӯ, насли калонсол – падару модарон, омӯзгорон, ходимони дин, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, васоити ахбори омма ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакатро зарур аст, ки бо ҷавонон ва наврасон ҳамаҷониба ҳамкорӣ намуда ба онҳо роҳи дурусти ба камолрасӣ ва муваффақ шуданро дар соҳаҳои мухталифи зиндагӣ нишон диҳанд.
Гуфронов Д.Н, устоди кафедраи географияи иқтисодӣ ва демография