​Ҷамъбасти озмуни «китобхони беҳтарин»

Ҳамасола 14 феврал дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб (International Book Giving Day) таҷлил карда мешавад. Дар Тоҷикистон низ дар ин рӯз чорабиниву барномаҳои гуногуни маърифатӣ доир мегардад, ки дар он ҷиҳати оммавигардонии рӯзи тақдими китоб кормандони китобхонаҳо, нашриётҳо ва муассисаҳои илмии Тоҷикистон фаъол мебошанд.

Дар робита ба ин дар факултет ва сохторҳои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров барои ҷалби устодону донишҷӯён ба китоб ва китобхонӣ чорабиниҳои гуногун роҳандозӣ гардид. Аз ҷумла дар кафедраи умумидонишгоҳи педагогикаи умумӣ озмуни «китобхони беҳтарин» ҷамъбаст гардид. Зимни ҷамъбаст мудири кафедра дотсент Шӯҳрат Кӯчибоев ба устоди сермутолиа Саидмурод Қаюмов, ки ғолиби ин озмун муаррифӣ гардид китоб ҳадя намуд.

Гуфта шуд, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар самти китобхон гардидани ҷомеа як қатор корҳои амалӣ гардиданд. Озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат» ва ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» аз ҷумлаи чунин ибтикороти шоиста маънидод гардид.

Ба иттилоои раёсати илм ва инноватси чунин чорабиниҳо дар китобхона ва факултетҳои донишгоҳ ҷараён дорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ