ҶАМЪБАСТИ ҲАФТАИ ЗАБОНИ АРАБӢ

Дар факултети забонҳои шарқи Донишгоҳ ҷамъбасти “Ҳафтаи забони арабӣ” таҳти унвони “Забони мо – ҷаҳони мо”, ки ба Рӯзи байналмилалии забони арабӣ бахшида шуда буд, баргузор гардид.

Дар доираи ин ҳафта як қатор чорабиниҳои тарбиявию фарҳангӣ ва озмунҳои ҷолиб ташкил карда шуданд. Аз ҷумла, озмунҳои «Хаттоти беҳтарин», «Шеъру суруд ва саҳначаи беҳтарин», озмуни ҳозирҷавобон «Брейн-ринг», «Муаррифии таомҳои миллии арабӣ», инчунин намоиши навори видеоӣ таҳти унвони «Муассисони маҳбуби факултет» мавриди таваҷҷуҳи донишҷӯён ва устодон қарор гирифтанд.

Дар ҷамъбасти ҳафта ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд. Чорабинӣ дар фазои дӯстона, эҷодӣ ва рақобати солими илмӣ баргузор шуда, барои донишҷӯён имкони хуби муаррифии дониш, истеъдод ва маҳорати худро фароҳам овард.

Мақсад аз баргузории “Ҳафтаи забони арабӣ” баланд бардоштани сатҳи дониши донишҷӯён аз забони арабӣ, такмили малакаҳои суханварӣ, хондану навиштан, бедор намудани шавқу рағбат ба омӯзиши забон ва фарҳанги арабӣ, инчунин рушди тафаккури эҷодӣ ва таҳкими рақобати солими илмӣ миёни донишҷӯён арзёбӣ мегардад.

Гуфта шуд, ки чунин ташаббусҳо дар оянда низ идома ёфта, ба баланд шудани сифати таълим ва нуфузи омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар Донишгоҳ мусоидат хоҳанд кард.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ