ҶАМЪБАСТИ ҲАФТАИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ
Бо мақсади татбиқи амалии «Барномаи давлатии омӯзиш ва такмили забонҳои русӣ ва англисӣ то давраи 2030» аз 12 то 20-уми декабри соли ҷорӣ дар факултети забонҳои шарқ ҳафтаи забони англисӣ баргузор гардид.

Дар доираи ин ҳафта 16 чорабинии илмӣ, маърифатӣ, зеҳнӣ ва адабӣ миёни донишҷӯёни курсҳои гуногуни ихтисосҳои арабӣ–англисӣ, форсӣ–англисӣ ва хитойӣ–англисӣ баргузор шуданд. Озмунҳо шаклу мазмунҳои гуногун дошта, аз ҷумла «Беҳтарин гӯяндаи тезгӯякҳо ва маънидодкунандаи зарбулмасалҳо», «Эссеи беҳтарин», «Ҳуруфчини беҳтарин», «Муаррифии беҳтарин», «Саҳнаи беҳтарин», «Суруди беҳтарин», «Шеърхонии ифоданок», «Роҳбалад-тарҷумони беҳтарин» ва «Сабти видеоии беҳтарин»-ро фаро гирифтанд.
Дар маросими ҷамъбасти ҳафта намояндагони раёсати донишгоҳ, садорати факултет ва волидайни донишҷӯёни курси якум иштирок намуда, ғолибони озмунҳоро бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карданд. Дар суханрониҳо таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо анъанаи нек буда, барои сайқал додан ва рушди малакаҳои забондонии донишҷӯён нақши муҳим мебозад.
Ғолибони озмун бо туҳфаю сипосномаҳо қадр шуданд
Ҳафтаи забони англисӣ бори дигар собит намуд, ки чунин чорабиниҳо дар баланд бардоштани сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ ва малакаҳои касбии донишҷӯён нақши муассир дошта, ба забондону забонфаҳм гардидани насли имрӯз заминаи устувор мегузоранд.
Маркази иттилоот ва таҳлил