​Амалишавии принсипҳои “иқтисоди сабз” дар Тоҷикистон

Бо иқдоми кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризм дар мавзӯи “Амалишавии принсипҳои “иқтисоди сабз” дар Тоҷикистон” семинари илмӣ доир гардид. Семинари мазкур бо мақсади татбиқи ҳадафҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва эълон гардидани “Солҳои рушди саноат, 2022-2026” ба роҳ монда шуд.

Семинарро мудири кафедра Дадобоев Музаффар ифтитоҳ бахшида, ҳадаф ва тартиби ҷараёни онро шарҳ дод.

Дар доираи кори семинар аз ҷониби устодони кафедра Раҳмонқулов Мӯҳриддин ва Шарипова Саноат перомуни мавзӯи меҳварии семинар маърӯзаҳо ироа гардид.

Ҳамзамон, донишҷӯён низ доир ба мавзуъҳои вобаста ба“Иқтисоди сабз” маърӯза намуданд.

Бо табодули афкор миёни иштирокчиён семинар ҳусни анҷом пазируфт.

Дар фарҷом аз ҷониби садорати факултет як қатор устодон, магистрантон ва донишҷӯён барои иштироки фаъолона ва ишғол намудани ҷойҳои намоён дар конференсияи илмӣ-анъанавии устодон, олимони ҷавон, докторантон ва магистрантону донишҷӯён ба муносибати Рӯзи илмӣ тоҷик бо ифтихорномаву сипосномаи садорати факултет қадр шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ