​Аксиомаи ишқ

Таҳти ин унвон бо ибтикори Китобхонаи илмии донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо факултети физикаю техника маҳфили адабӣ баргузор гардид, ки дар он Шоири халқии Тоҷикистон Устод Фарзона иштирок намуд.

Парвиз Пӯлотов, декани факултет иштирокдорони маҳфилро хайрамақдам гуфта, ҳадаф аз ин ташаббусро дар бедор намудани завқи китобдӯстӣ ва тарғиби мутолиа миёни ҷавонон унвон намуд.

Дилбар Самадова, директори Китобхона таъкид дошт, ки доир гардидани маҳфили мазкур дар арафаи рӯйдодҳои таърихӣ, аз ҷумла 90 солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва 30 – юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи нек маҳсуб меёбад.

Шоири халқии Тоҷикистон Фарзонаи Хуҷандӣ ба масъулин ҷиҳати даъват ба маҳфил изҳори сипос намуда, аз нақшу ҷойгоҳи шеър дар зиндагӣ таъкид дошт.

Дар идома як гуруҳ донишҷӯён аз ашъори муҳаббатофару мондагори Шоири халқии Тоҷикистон қироатҳо намуданд, ки ба маҳфил мазмуну маънии бештар эҳдо намуд.

Дар фарҷом устодону донишҷӯён ба Устод Фарзонаи Хуҷандӣ дар мавриди лаҳзаҳои хотирмон ва таърихи тавлиди ашъорашон суолҳо манзур намуда, посухҳои муфассалу пурмаънӣ гардиданд.

Маҳфил бо шукуҳу шаҳомати хос дар сатҳи шоиста доир гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ