​Аксияи “Тоҷикона мепӯшем” дар факултетҳои донишгоҳ

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз аксияи вилоятии “Тоҷикона мепӯшем” хуш истиқбол намуданд. Ба ин муносибат бо ташаббуси бахши кор бо занон ва духтарони донишгоҳ намоиши либосҳои миллӣ доир шуд, ки дар он беш аз 500 нафар бонувону духтарон иштирок намуданд.

Ин иқдом бо мақсади иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи аксияи “Тоҷикона мепӯшем”, ки аз аз 1-уми март то 31-уми майидома меёбад, роҳандозӣ гардид.

Ҳадаф аз ин ташаббус тарғибу ташвиқи фарҳангу арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани ҳисси меҳандӯстию хештаншиносӣ дар байни занону бонувон унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ