​Аксияи экологӣ бахшида ба Рӯзи дарёи Сир

Устодони кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки зиёда аз 45 нафар донишҷӯён дар атрофи пойгоҳи обкашии Сумчаки ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аксияи экологӣ гузарониданд. Ин ташаббус бахшида ба Рӯзи дарёи Сир ҷиҳати тоза намудани соҳили дарё аз партовҳои маишӣ ташкил карда шуд.

Гуфта мешавад, ки аксияи мазкур дар ҳамкорӣ бо Раёсати захираҳои оби ҳавзаи Сирдарё ва Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин кафедраи экологияи Донишкадаи кӯҳӣ - металлургии Тоҷикистон, кафедраи коркарди маҳсулоти хӯрокаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба роҳ монда шудааст.

Дар доираи аксия ба донишҷӯён оид ба ташаккул, тақсимот ва идоракунии захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз он ҷумла дарёи Сир бо дарёчаҳои Исфара, Хоҷабоқирғон, Исфана, Оқсу маълумот манзур гардид.

Донишҷӯён бо футболка, кепка, дастпӯшакҳо, халтаҳои селлофанӣ, белу каланд ва дигар таҷҳизотҳои зарурӣ барои гузаронидани аксия таъмин карда шуданд. Давоми аксия донишҷӯён зиёда аз 7,5 метри мукааб партовҳоро ҷамъоварӣ намуда, барои тоза кардани атрофи пойгоҳи обкашии Сумчаки ноҳияи Бобоҷон Ғафуров саҳми арзанда гузоштанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ