Ҳафтаи забони русӣ

Бо ташаббуси устодони кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ дар факултети психология ва тањсилоти томактабӣ Ҳафтаи забони русӣ баргузор гардид.

Дар доираи ин иқдом бо ҷалби донишҷӯён силсилаи чорабиниҳо ба роҳ монда шуд. Озмунҳо вобаста ба навиштани диктант, газетаи беҳтарини деворӣ, муаррифиномаи беҳтарин аз зумраи чорабиниҳое буданд, ки давоми ҳафтаи забони русӣ ташкил шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ибтикори мазкур бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30 - солагии Иҷлосияи XVIШӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90 - солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии Ҳуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро ба роҳ монда шуд.

Ба муносибати ҷамъбасти ҳафтаи забони русӣ дар факултет ҷамъомад сурат гирифт, ки дар он декани факултети психиология ва таҳсилоти томактабӣ Шарифиён Муқаддас иштирок ва суханронӣ намуд.

Донишҷӯёни фаъол бо ифтихорнома сарфароз шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ