​Ҳафтаи забони чинӣ дар факултети забонҳои шарқ

Дар кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойӣ сессияҳои интерактивӣ оғоз гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки сессияро мудири кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Тӯраева Гулорохон ва омӯзгори кафедра доктор PHD Линг Чианэ баргузор намуданд. Нахуст хонум Линг Чианэ викторина дар мавзуи “Маълумот дар бораи образи аждаҳо дар фарҳанги Чин”манзури донишҷӯён намуда, суолҳои ҷолибро пешниҳод кард. Гуфта шуд, ки аждаҳо дар фарҳанги Чин мавзуи хеле муҳим маҳсуб ёфта, таҷассумгаритавоноӣ, пешравӣ дар раванди омӯзиши фарҳанги чинӣ мебошад.

Викторинаи дуюм “Almost Everything about China” (Маълумот дар бораи Чин) унвон дошта, аз ҷониби дотсент Гулорохон Тӯраева гузаронида шуд. Дар викторина саволҳо бо 4 варианти ҷавоб дар бораи таърих, фарҳанг, анъанаҳои Чин тавассвути онлайн сервиси Gimkit.com. пешниҳод гардид. Омӯзгорон ба умумият ва тафовути фарҳангҳои ду кишвари дӯст - Тоҷикистону Чин таваҷҷуҳи донишҷӯёнро ҷалб намуда, бо суҳбати муфид ҷамъбаст намуданд.

Ғолибон ва иштирокдчиёни фаъоли викторинаҳо бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гаштанд.

Лозим ба қайд аст, ки давоми ҳафтаи забони хитойӣ ҳаррӯз аз санаи 28-уми феврал то 5-уми март донишҷӯён дар барномаи таълимиву тарбиявӣ иштирок хоҳанд кард.

Барномаи ҳафта аз навиштани эссеи беҳтарин, муайян кардани ҳуруфчини беҳтарин (ҳуруфчинии иероглифҳо), нотиқи беҳтарин ба забони чинӣ ва монанди инҳо иборат мебошад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ