​Ҳафтаи илм: намоиши китобҳои дарсӣ дар факултети физикаю техника

Дар факултети физикаю техника дар доираи ҳафтаи илм намоиши китобҳои дарсӣ, монография ва дастурҳои таълимӣ ба роҳ монда шуда, даври факултетии озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” гузаронида шуд.

Декани факултет дотсент Қаюмзода Абдумалик таъкид намуд, ки озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2022 эълон гардида, бо мақсади амалисозии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” бо иштироки васеи донишҷӯён, магистрантону докторон аз рӯи ихтисос (PhD) ва омӯзгорон гузаронида мешавад.

Ба донишҷӯён масъалаҳои физикӣ пешниҳод гардида, раванди иштироки онҳо дар озмун аз ҷониби ҳайати ҳакамон назорат ва баҳогузорӣ гардид.

Ғолибони даври факултетии озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” дар ҷамъбасти ҳафтаи илм дар факултет қадршиносӣ мешаванд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ