​Ҳафтаи илм: намоиши дастовардҳои нашрии устодон

Бо иқдоми кафедраи электроника намоиш ва муаррифии дастовардҳои нашрии устодон доир гардид.

Ин ташаббус дар доираи ҳафтаи илм ба муносибати “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ барои солҳои 2020-2040” роҳандозӣ гардид.

Декани факултет ҷорабиниро ифтитоҳ бахшида, аз дастовардҳои илмии устодони факултет, бахусус кафедраи электроника таъкид намуд.

Ҳамзамон, аз ҷониби мудири кафедра монография, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ-методии устодон муаррифӣ шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ